(ABNA24.com) Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин матлаб дар дидори Мерилин Жозеф Сан дар Душанбе бо Сироҷиддин Меҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон эълом шуд.
Дар ин дидор тарафҳо дар бораи сатҳи феълӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои Иттиҳодияи Европа ва Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла муқобила бо вируси карона баҳсу табодули назар карданд.
Маблағи 48 миллион кӯмаки молии Иттиҳодияи Европа ба Тоҷикистон барои таъмини лавозим ва таҷҳизоти мавриди ниёзи кишвар ба манзури ҷилугирӣ аз густариши вируси карона ҳазина хоҳад шуд.
Аз сӯи дигар мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки то рӯзи сешанбе (14 апрел) соли ҷорӣ дар ин кишвар ҳеҷ мавриди ибтило ба бемории вируси карона мушоҳида нашудааст.
342/